Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раъйҳо аз нав ҳисобу китоб мешаванд


Ҳисобу китоби такрории раъйҳо дар интихоботи парлумонии Молдова рӯзи 15 апрел сурат мегирад. Дар ин бора имрӯз, дар нишасти Комиссиюни марказии интихоботии кишвар, тасмим гирифта шуд. Раиси Комиссиюн Евгений Штирбу ба хабарнигорон гуфт, ки баргаҳои раъй ба қитъаҳои интихоботӣ баргардонида мешаванд ва онҳо дар ҳузури нозирон аз нав баршумурда хоҳанд шуд. Натоиҷи ҳисобу китоби тақрории раъйҳо рӯзи 16 апрел ба Комиссиюни марказии интихоботӣ ворид мешавад.
Додгоҳи Қонуни асосии Молдова дар бораи ҳисобу китоби такрории раъйҳо баъд аз дархости раисиҷумҳур ва раиси Ҳизби комунист Владимир Воронин тасмим гирифт. Натоиҷи расмии интихоботи парлумонӣ, ки тибқи он дар ин маърака Ҳизби комунист пирӯз шудааст, боиси эътирози аҳзоби мухолиф ва бенизомиҳо дар Молдова гардид.
XS
SM
MD
LG