Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни оташсӯзӣ афзоиш ёфт


Теъдоди қурбониёни оташсӯзӣ дар хонаи афроди бесарпаноҳ ва камбизоат дар шаҳри Камен-Поморскии Лаҳистон ба 21 нафар расид. Ба иттилоъи телевизиони Лаҳистон, миёни қурбониён як тифли ҳаштмоҳа низ ҳаст. 20 нафар аз маскунон бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд. Айни ҳол дар ҷойи ҳодиса корҳои ҷустуҷӯиву наҷотбахшӣ идома доранд ва мақомот ҳадс мезананд, китеъдоди қурбониён шояд афзоиш биёбад. Ба иттилоъи расмӣ, замони рух додани оташсӯзӣ дар ин бинои сеошёна 77 нафар ҳузур доштанд. Иддае худро аз ошёнаҳои болоӣ ба замин андохта маҷрӯҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG