Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳарбиёни Тайланд низомро барқарор карданианд


Низомиёни Тайланд ваъда доданд, ки тартибу низом дар пойтахти кишвар Бангкокро эҳё хоҳанд кард. Фармондеҳи артиш, генерал Сонгкитӣ Ҷагабатара баъд аз саркӯбшавии тазоҳуроти мухолифини ҳукумат имрӯз дар як изҳороти телевизионӣ гуфт, ки “сарбозон барои хатми бенизомӣ аз ҳама чораҳои зарурӣ кор мегиранд”. Ҳамзамон генерал таъкид намуд, ки низомиён аз силоҳ фақат ба хотири дифоъ аз худ истифода хоҳанд кард.
Бар асари бархурди низомиёну кормандони полис бо тазоҳургарон дар Бангкок дасти кам 70 нафар ҷароҳат бардоштанд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, аз субҳ дар шаҳр садои тирпарронӣ ба гӯш мерасид. Имрӯз артиш зимни парокандасозии тазоҳуроти мухолифини ҳукумат аз гази ашковар истифода кард. Дар посух эътирозгарон сӯи низомиён ва кормандони полис санг ва “коктейли Молотов” андохтанд.
Сарвазири Тайланд Абхисит Ветчачива баъд аз ҳамлаи эътирозгарон ба бинои вазорати умури дохила ва бар асари ин ба таъхир уфтодани нишасти АСЕАН – Иттиҳодияи кишварҳои Осиёи Ҷанубу шарқӣ, дар пойтахт вазъи изтирорӣ эълон кард. Ҷонибдорони мухолифин мехоҳанд сарвазири собиқ Таксин Шиноватра, ки соли 2006-ум бар асари кудатои низомиён аз маснад барканор шуда буд, дубора дар мақомаш барқарор шавад.
XS
SM
MD
LG