Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафтиши парвандаи Захарченко аз сар гирифта шуд


Додситонии кулли Тоҷикистон тафтиши парвандаи куштори фармондеҳи ОМОН - гурӯҳи таъиноти махсуси вазорати умури дохила Олег Захарченкоро аз сар гирифтааст. Дар ин бора Абдусамеъ Додобоев, муовини аввали Додситони кулли Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод. Ӯ афзуд, ки тафтиши парванда ба ӯҳдаи Раёсати алайҳи ҷиноёти сангини Додситонӣ вогузор шудааст. Дар робита ба даст доштани фармондеҳи собиқи Иттиҳодияи мухолифини тоҷик Мирзохуҷа Аҳмадов дар ин ҳодиса ва қаблан авф шудани ӯ Абдусамеъ Додобоев изҳор намуд, ки “Мирзохуҷа Аҳмадов аз сӯи раисиҷумҳур барои дигар ҷиноёти содиркарда афв шудааст”. Ёдовар мешавем, қаблан мақомоти додситонии Тоҷикистон хабар дода буданд, ки куштори фармондеҳи ОМОН Олег Захарченко ошкор шуда ва гумонбарон мушаххас гаштаанд ва аммо дар робита ба ин ҳодиса ҳанӯз касе дастгир нашудааст.
XS
SM
MD
LG