Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташсӯзӣ дар як хонаи бесарпаноҳон дар Лаҳистон


Бар асари сӯхтор дар хонаи афроди бесарпаноҳ дар шаҳри Камен-Поморскии Лаҳистон дасти кам 18 нафар ба ҳалокат расиданд. 20 тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд. Айни ҳол дар ҷойи ҳодиса корҳои ҷустуҷӯиву наҷотбахшӣ идома доранд. Ба иттилоъи расмӣ, замони рух додани оташсӯзӣ дар ин бинои сеошёна 77 нафар ҳузур доштанд. Баъзеи онҳо худро аз ошёнаҳои болоӣ ба замин андохта маҷрӯҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG