Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишҳои эътирозӣ дар Тифлис идома меёбанд


Мухолифини ҳукумати Гурҷистон тасмим гирифтаанд, ки имрӯз намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Михаил Саакашвилиро аз сар бигиранд. Намоишҳо рӯзи 9 апрел, дар 20 умин солгард аз саркӯбшавии тазоҳурот дар Тифлис аз сӯи артиши шӯравӣ шурӯъ шуданд. Аҳзоби мухолиф раисиҷумҳурро дар истибдоду худхоҳӣ айбдор мекунанд. Эътирозгарон ҳамчунин иддао доранд, ки маҳз Михаил Саакашвилӣ моҳи августи соли гузашта Гурҷистонро вориди даргирӣ бо Русия кард ва баъд аз он кишвар дар бӯҳрони амиқ қарор гирифт.
Раисиҷумҳури Гурҷистон мухолифинро ба гуфтушунид даъват мекунад ва аммо талаби онҳо барои истеъфоро қабул надорад. Охири ҳафтаи гузашта Саакашвилӣ эълом дошт, ки то хатми мӯҳлати раёсаташ дар соли 2013 мақомашро тарк нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG