Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тайланд даҳҳо тазоҳургарон маҷрӯҳ шуданд


Бар асари бархурди низомиёну кормандони полис ва тазоҳургарон дар Бангкок, пойтахти Тайланд, дасти кам 70 нафар ҷароҳат бардоштанд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, аз субҳ дар шаҳр садои тирпарронӣ ба гӯш мерасид. Имрӯз артиш зимни парокандасозии тазоҳуроти мухолифини ҳукумат аз гази ашковар истифода кард. Дар посух эътирозгарон сӯи низомиён ва кормандони полис санг ва “коктейли Молотов” андохтанд.
Сарвазири Тайланд Абхисит Ветчачива баъд аз ҳамлаи эътирозгарон ба бинои вазорати умури дохила ва бар асари ин ба таъхир уфтодани нишасти АСЕАН – Иттиҳодияи кишварҳои Осиёи Ҷанубу шарқӣ, дар пойтахт вазъи изтирорӣ эълон кард. Ҷонибдорони мухолифин мехоҳанд сарвазири собиқ Таксин Шиноват, ки соли 2006-ум бар асари кудатои низомиён аз маснад барканор шуда буд, дубора дар мақомаш барқарор шавад.
XS
SM
MD
LG