Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзҳои 11-ум ва 12-уми апрел бозиҳои даври дуввуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Дастаи мизбон - «Истиқлол»-и Душанбе – бозиро дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар бо тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 2:2 анҷом дод. Нимаи аввали дидор бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 2:0 хотима ёфт. Голҳоро Худойдод Нусратов (дақиқаи 36-ум) ва Юсуф Рабиев (46) ба самар расонданд. Вале дар нимаи дуввум ба бозигарони «Вахш» Нӯъмон Ҳакимов (65) ва Маҳмадалӣ Содиқов (76) муяссар шуд, ки ба дарвозаи «Истиқлол» ду тӯб зада, ҳисобро баробар намоянд.

Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар майдони худ «Энергетик»-и Душанберо бо ҳисоби 4:2 шикаст дод. Хуршед Маҳмудов дар оғози дидор - дақиқаҳои 4-ум ва 6-ум – ду гол ба самар расонд. Далер Шарифов, бозигари «Энергетик», дар дақиқаи 44-ум ҳисобро аз ҷаримаи 11-метра тағйир дод. Дар дақиқаи 53-юм ҳамлагари меҳмонон Сӯҳроб Ҳамидов голи дуввуми «Энергетик»-ро ба ҳадаф расонд. Вале баъди як дақиқа Иброҳим Рабимов тӯби севвуми «Регар» ТадАЗ-ро вориди дарвозаи меҳмонон кард. Голи чаҳорумро Шуҷоат Неъматов дар дақиқаи 79-ум зад.

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бар тими меҳмон – ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Бозигари «Равшан» Зокир Абдулхайров дар дақиқаи 24-ум ҳисобро кушод. Баъди 12 дақиқа Эраҷ Холов тӯби дуввумро ба дарвозаи меҳмонон ворид кард. Голи севвумро Шералӣ Азизов дар дақиқаи 70-ум ба самар расонд. Як голи
ССКА «Помир» ба Искандар Гадоев (дақиқаи 84-ум) мутааллиқ аст.

Ду бозии дигари даври дуввум байни дастаҳои «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва «Гвардия»-и Душанбе, «Спитамен»-и ноҳияи Спитамен ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа баъди ду давр

Б

П

М

Б

Т/Т

И

1-2

«Вахш»

2

1

1

0

4-2

4

1-2

«Истиқлол»

2

1

1

0

4-2

4

3

«Хуҷанд»

2

1

1

0

2-0

4

4

«Парвоз»

2

1

1

0

2-1

4

5

«Регар» ТадАЗ

2

1

0

1

4-4

3

6

«Равшан»

2

1

0

1

3-3

3

7

«Гвардия»

2

0

2

0

1-1

2

8

CСKA «Помир»

2

0

1

1

2-4

1

9

«Спитамен»

2

0

1

1

0-2

1

10

«Энергетик»

2

0

0

2

3-6

0


Беҳтарин голзанҳо: Абдусамад Ҳоҷибоев («Парвоз»), Хуршед Маҳмудов («Регар» ТадАЗ), Нӯъмон Ҳакимов («Вахш»), Юсуф Рабиев («Истиқлол»), ки ҳар кадом 2-голӣ задаанд.

Бозиҳои даври севум: 18-уми апрел – «Вахш» - «Равшан», «Хуҷанд» - «Истиқлол», ССКА «Помир» - «Парвоз», 19-уми апрел - «Энергетик» - «Спитамен», «Гвардия» - «Регар» ТадАЗ.
XS
SM
MD
LG