Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастури Обама ба истифодаи нерӯ дар муқобили роҳзанҳо


Мақомоти Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, президент Барак Обама, ба нерӯҳои дарёии Амрико дастур дод, барои наҷоти нохудои киштии амрикоӣ аз асорати роҳзанҳои баҳрии Сомалӣ дар ҳоли зарурат аз силоҳи оташфишон истифода кунанд. Ноиб-адмирал Вилям Гортнӣ, сардори ситоди марказии нерӯҳои дарёии Амрико гуфт, нишонзанҳои Иёлоти Муттаҳида оташ кушоданд ва се раҳзанро ба ҳалокат расонда, нохудои амрикои Ричард Филипсро озод карданд. Вай гуфт:

"Фармондеҳи киштии ҳарбии Амрико "Бейнбриҷ" дар ҷои ҳодиса тасмим гирифт, ки ҳаёти нохудо зери хатари ногузир аст ва се раҳзан куштаву раҳзани чаҳорум худро таслим кард ва бо ӯ муносибати башардӯстона сурат гирифт. Шарикони ӯ, ки тирандозиро идома доданд, аз ҷонашон маҳрум гаштанд."

Филипси 53-сола, аз рӯзи чаҳоршанбеи гузашта дар киштии зери фармонаш "Алабама Майерск" ба асорати раҳзанҳои баҳрии Сомалӣ афтод буд.
XS
SM
MD
LG