Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи артиш ба тазоҳуркунандагои таиландӣ


Нерӯҳои амниятии Таиланд даст ба пароканда кардани тазоҳуркунандагон заданд. Тибқи хабарҳо, наздик ба 50 нафар шуморе аз эътирозгарон зкахмӣ шудаанд. Ҳукумати Таиланд рӯзи якшанбе вазъи изтирорӣ эълон ва барои озод кардани чаҳорроҳаҳои асосии Бангкок нерӯҳои мусаллаҳро вориди пойтахти Таиланд кард. Сарвазири Таиланд, Абҳисит Веҷаҷива гуфт:

“Эътирозгарон, шумо ҳақ надоред ҳуқуқи дигаронро поймол кунед. Ба ҳамин хотир аз шумо хоҳиш мекунам ба бетартибиҳо хотима диҳед. Агар шумо ин коратонро давом диҳед, ин мухолифи қонун хоҳад буд. Мо маҷбур мешавем барои барқарории қонун чораҳои ҷидди ва қатъитаро руи даст бигирем.”

Д: Тазоҳуркунандагон баъд аз ихлоли ҷаласаи сарони 16 кишвари Осиёӣ роҳҳои асосии шаҳрро зери назорат гирифтанд. Онҳо талаб доранд, сарвазири собиқ, Таксин Шиноватра, ки соли 2006 дар як табаддулоти ҳарбӣ барканор гашта буд, ба мақомаш баргардад.
XS
SM
MD
LG