Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори вакили шӯрои маҳаллии Қандаҳор


Узви шӯрои вилоятии Қандаҳори Афғонистон ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи зан, Ситора Ачакзай ҳадафи ҳамлаи ду марди ношинос қарор гирифта, ба ҳалокат расид. Ҳамлаварон савори дучарха ба ӯ наздик шуданд ва ба тарафаш тир кушоданд. Раиси шӯрои вилоятӣ, Аҳмад Валӣ Карзай гуфт, Ачакзай дар ҷои ҳодиса ҷон додааст. Вай Толибонро масъули ин куштор номид. Ҳамлаи қаблии толибҳо ба бинои Шӯрои вилоят дар ҳафтаи гузашта 10 кушта ба ҷой гузошт.
XS
SM
MD
LG