Пайвандҳои дастрасӣ

Медалҳои СММ ба аввалин тоҷикони посдори сулҳ


Созмони Милали Муттаҳид ба панҷ намояндаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон барои хидмати хубашон дар ҳайати посдорони сулҳи Созмони Милал дар Дорфури Судон медали "Барои хидмат ба сулҳ" дод. Далер Раҳматов, Тоҳир Нуров, Татяна Тиханина, Татяна Маркина ва Барзу Афсаков аввалин посдорони сулҳи Созмони Милал аз Тоҷикистон мебошанд, ки аз моҳи октябри соли гузашта дар Дорфур кор мекунанд. Акнун қарордоди кори онҳо ба як соли дигар тамдид мешавад. Вазъ дар Дорфур ҳамоно ноором буда, минтақа пайомадҳои ҷангеро ба сар мебарад, ки бар асари он 200 ҳазор нафар кушта ва 2,5 миллион нафар паноҳанда шудааст.
XS
SM
MD
LG