Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тазоҳурот дар шаҳри Кишинёви Молдова


Ҳазорон нафар имрӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Молдова шаҳри Кишинёв ба тазоҳуроти нави мухолифон пайвастанд, то интихоботи ба гуфтаи онҳо, олуда ба таққалубкориро маҳкум кунанд. Тазоҳургарон дар назди қароргоҳҳои ҳукуматӣ ҷамъ омада, шиорҳои зиддикоммунистӣ ва ҷонибдори демократия сар медоданд. Бино ба гузоришҳо, фазои тазоҳурот, ки асосан афроди куҳансол дар он ширкат доштанд, ором буд. Ҳангоми суханронӣ дар ин тазоҳурот Влад Филат - раҳбари Ҳизби Либерал Демократи Молдова, гуфт, садҳо тазоҳургарони ҷавон, ки дар раҳпаймоиҳои пешин ширкат доштанд, аз тарафи пулис боздошт ва латукӯб шудаанд. Вай гуфт: "Мо аз ҳукумат мехоҳем, то аз тероре, ки шурӯъ кардаанд, даст кашанд, бе ягон шарт ва билофосила тамоми боздошшудагони сиёсиро озод кунад ва шароити муносиб барои ташхиси феҳрасти раъйдиҳандагон фароҳам намояд." Дар интихоботи ҳафтаи гузашта дар Молдова Ҳизби Коммунисти раиси ҷумҳур Владимир Воронин пирӯз шуд. Қарор аст, Додгоҳи Асоии Молдова имрӯз дархости Воронин барои шумориши дубораи раъйҳоро баррасӣ кунад. Дархостеро, ки Владимир Воронин барои исботи дурустии натиҷаҳои интихобот кардааст.
XS
SM
MD
LG