Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони вазъи фавқулодда дар Тайланд


Нахуствазири Тайланд Абҳисит Веҷаҷива зимни як паёми телевизионӣ ба мардум дар ин кишвар вазъи фавқулодда эълон кард.

Айни замон гурӯҳҳои тазоҳургарони зиддиҳукуматӣ дар саросари Бангкок гаштугузор мекунанд. Бар асоси баъзе аз гузоришҳо, дар назди вазорати умури дохилаи ин кишвар садои тирандозӣ шунида шудааст.

Субҳи рӯзи якшанбе Абҳисит Веҷаҷива, нахуствазири Тайланд, қавл дод, ки онҳоеро, ки дар шаҳри соҳили Патая сабаби лағви нишасти сарони АСЕАН шуданд, бе ҷазо намегузорад. Дар ин шаҳр тазоҳургарон ба маҳалли ин нишаст ворид гаштанд ва мақомот маҷбур шуданд, то ҳамоиши сарони кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқиро лағв намоянд ва раҳбарони хориҷиро ба кишварҳояшон гусел кунанд.

Ва рӯзи якшанбе яке аз раҳбарони тазоҳургарон Арисман Понгругронгро ҳангоми бозгашт ба хонааш дар шаҳри Бангкок боздошт карданд. Дар остонаи нишасти АСЕАН дар тазоҳуроти тарафдорони нахуствазири барканоршуда - Таксин Шинаватра бештар аз 100 ҳазор нафар ширкат варзиданд. Тарафдорони Шинаватра, ки соли 2006 дар табаддулоти низомӣ аз сари қудрат дур карда шуд ва ҳоло аз тарси ду сол зиндонӣ шудан ба кишвараш барнамегардад, мехоҳанд, нахуствазири феълӣ Абҳисит Веҷаҷива аз мақомаш биравад ва интихоботи нав баргузор шавад.

Абҳисит Веҷаҷиваро дар чаҳор моҳи пеш баъди барҳам додани ҳукумати пешини Тайланд бо раъйдиҳӣ дар порлумон нахуствазир интихоб карданд.
XS
SM
MD
LG