Пайвандҳои дастрасӣ

Эъломи вазъи фавқуллода дар Бангкок


Бо васеътар шудани тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Тайланд, ҳукумат дар пойтахти ин кишвар шаҳри Банкок ва навоҳии атрофи он вазъи фавқуллода эълом кард. Рӯзе пеш аз ин тазоҳургарон ба маҳалли нишасти сарони кишварҳои узви созмони АСЕАН ворид шуда ва сабаби лағви ҳамоиши минтақавӣ ва тарки Тайланд кардани раҳбарони чанд кишвар шуданд. Тазоҳургарон имрӯз барои пайдо кардани нахуствазир Абҳисит Веҷаҷива, ба вазорати умури дохила омаданд, вале ӯ аз инҷо бо мошин фирор кард. Бино ба гузоришҳо, аз наздикии ин маҳал садои тирандозӣ ба гӯш мерасид. Тазоҳургарон мехоҳанд, то Таксин Шинаватра – нахуствазири собиқи Тайланд ба мақомаш барқарор карда шавад.
XS
SM
MD
LG