Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Зарифӣ бо Муттакӣ дар Теҳрон


Ҳамроҳхон Зарифӣ- вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, рӯзи шанбе бо ҳамтои эронии худ Манучеҳри Муттакӣ мулоқот кардааст. Вазорати умури хориҷа гуфт, дар ин мулоқот масъалаи поён додан ба бунёди нақби “Истиқлол”, суръат бахшидан ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда – 2 баррасӣ шудааст, ки ҳардуро муҳандисони эронӣ ва бо сармоягузории Эрон месозанд. Ихтисоси қарз ба Тоҷикистон ва таҳияи тарҳи роҳи оҳане, ки Тоҷикистонро аз тариқи қаламрави Афғонистон ба Эрон хоҳад пайваст аз масъалаҳои дигари мавриди гуфтугӯ будааст. Ин мулоқот зимни бозгашти Ҳамроҳхон Зарифӣ аз сафари кориаш ба Туркманистон дар шаҳри Теҳрон сурат гирифтааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG