Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи тундравон ба терминали Покистон


Тундравон дар шимолуғарби Покистон ба як терминали нақлиётие ҳамла кардаанд, ки аз тариқи он нерӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон бо лавозимот таъмин мешаванд. Пулис имрӯз гуфт, 150 ҷангҷӯи саропо мусаллаҳ бо силоҳҳои автоматӣ ва мушакандоз бо ҳамла ба терминали нақлиётӣ наздик дар шаҳри Пешовар ҳашт мошини боркашро оташ зада ва се посбони терминалро маҷрӯҳ карданд. Тундравони покистонӣ зуд-зуд терминалҳои нақлиётӣ ва мошинҳои боркаше ҳамла мекунанд, ки аз тариқи Гузаргоҳи Хайбар барои нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон бор мебаранд.
XS
SM
MD
LG