Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои Алӣ Лориҷонӣ аз қудратҳои ҷаҳонӣ


Алӣ Лориҷонӣ - раиси порлумони Эрон имрӯз гуфт, қудратҳои ҷаҳонӣ бояд ҷумҳурии исломиро ҳамчун қудрати ҳастаӣ бипазиранд. Чанде пештар аз ин панҷ узви доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милал бар изофаи Олмон пешниҳод карданд, барои ҳалли бӯҳрони барномаҳои атомии Эрон бо ин кишвар музокироти мустақим сурат бигирад. Алӣ Лориҷонӣ ба порлумони кишвараш гуфт, бар асоси муқаррароти Аҳдномаи Манъи Густариши Силоҳҳои Атомӣ гурӯҳи 5 бар изофаи 1 ҳеҷ сабабе барои маҳрум кардани Эрон аз фанновариҳои атомӣ барои ҳадафҳои сулҳомез надоранд. Ҷомеаи байналмилалӣ аз Эрон хостааст, то фаъолиятҳои ғанисозии ураниумро муттавақиф кунад, зеро занн мебарад, ки Эрон мехоҳад, таҳти пӯшиши барномаҳои сулҳомези ҳастаӣ, бомби атомӣ бисозад. Иддаъое, ки Эрон қотеъона рад мекунад.
XS
SM
MD
LG