Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи бедодгарии роҳзанҳои Сомалӣ


Қайиқи ҳомили роҳзанҳои баҳрӣ ва гаравгони амрикоии онҳо ба соҳилҳои Сомалӣ наздиктар мешавад. Артиши Амрико, ки дар ин минтақа киштиҳои ҷангӣ дорад, нигарон аст, ки дар сурати расидани қайиқ ба соҳил роҳзанҳо метавонанд бо гаравгони худ, капитани киштии рабудашуда дар рӯзи чаҳоршанбе фирор кунанд. Капитани амрикоӣ худро ба роҳзанон таслим кард, то маллоҳони асирафтодаи ӯро раҳо намоянд. Ин маллоҳон рӯзи шанбе осоишта ба Кения расиданд. Гурӯҳи роҳзанони дигар дар соҳилҳои наздики Шохи Африқо киштии дигари муттаалиқ ба Итолиёро бо даҳ маллоҳи итолиёвиаш рабудаанд.
XS
SM
MD
LG