Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ дархости Воронинро баррасӣ мекунад


Додгоҳи Қонуни Асосии Молдова имрӯз дархости раиси ҷумҳур Михайил Воронин барои бозшумории раъйҳои интихоботи порлумонии баҳсбарангез дар ин кишварро баррасӣ хоҳад кард. Дар интихоботи ҳафтаи гузашта Ҳизби Коммунисти Михайил Воронин пирӯз шуд. Баъди эъломи ин натиҷа, тазоҳуроти тарафдорони мухолифин ба хушунат печид ва бо ғорати бинои порлумон ва қароргоҳи раиси ҷумҳур хотима ёфт. Михайил Воронин гурӯҳҳои ғарбгаро ва озодандеши Молдоваро ба талош барои табаддулоти давлатӣ муттаҳам кард ва ҳамчунин гуфт Руминия ҳам дар барангехтани ин бенизомиҳо даст дорад. Мардуми ин ду кишвар арзишҳои наздики фарҳангиву этникӣ доранд.
XS
SM
MD
LG