Пайвандҳои дастрасӣ

ҲНИТ қонуни нави дин мехоҳад


Ширкаткунандагони ҳамоиши баргузоркардаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Душанбе, қонуни нави дини Тоҷикистонро муғойир ба Қонуни асосии кишвар, бархе аз қонунҳои дохилӣ ва асноду созишномаҳои зиёди байнулмилалӣ унвон карданд.

Ин ҳамоиш бо ҳадафи тавзеҳоти бандҳои қонуни Тоҷикистон дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ аз сӯи муаллифони қонун доир шуда буд, вале дар ҳамоиш ҳеҷ кадоме аз намояндагони парлумон, вазорати фарҳанг ва ҳукумати кишвар ҳозир нашуданд. Аммо ширкаткунандагон, ки аксарият аз ҳизби наҳзати исломӣ, созмонҳои байналмилалии муқими Душанбе ва ҳуқуқшиносон буданд, дар тавзеҳи бархе аз бандҳои ин қонун ба нақзи ҳуқуқи диндорон, бавижа табъиз дар ҳаққи муслимини Тоҷикистон ишорат мекарданд.

Намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо тавзеҳи теъдоде аз бандҳои қонуни нави Тоҷикистон дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ онро санади маҳдудкунандаи озодии эътиқод ва фишор ба диндорону таълими адён дар кишвар унвон карданд.

Дар ниҳояти нишаст эълом шуд, ки ҲНИТ дар садади таҳияи қонуни нави дини Тоҷикистон аст ва онҳо тасмим доранд, ин қонунро бар асоси баҳсу баррасиҳо дар нишастҳои вижа бо ширкати гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа ва донишамндону таҳлигарон таҳия намуда ба парлумони кишвар пешниҳод намояд.

Ва ба қавли ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар қонуни таҳиямекардаи онҳо ба се нуктаи муҳим: таъсиси масоҷид, таълими дин ва таблиғ таваҷҷӯҳии бештар хоҳад шуд, ки ба эътиқоди онҳо дар қонуни нави озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динии дар интиҳои моҳи марти соли ҷорӣ батасвибрасида сари ин нуқтаҳо маҳдудиятҳои зиёд ба мушоҳида мерасад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG