Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талафоти азими нерӯҳои ИМА дар Ироқ


Бар асари як бомбгузории интиҳорӣ дар Ироқ панҷ сарбози амрикоӣ кушта шуданд, ки азимтарин талафоти нерӯҳои Амрико дар бештар аз як соли ахир дар Ироқ аст. Дар ин бомбгузорӣ дар наздикии қароргоҳи пулис дар шаҳри шимолии Мосул ба вуқӯъ пайваст, ду корманди пулиси Ироқ ҳам кушта шудаанд. Генерал Раймондо Одиерно - фармондеҳи олирутбаи Амрико дар Ироқ ба як рӯзномаи бритониё гуфтааст, Нурӣ Ал Моликӣ - нахуствазири Ироқ ҳоло дар рӯ ба рӯи интихоби сахте қарор дорад, ки оё аз нерӯҳои Амрико бихоҳад барои мӯҳлати дарозтаре дар шаҳри Мосул боқӣ бимонанд ва ё на. Қарор аст, нерӯҳои Амрико то охири моҳи июн аз шаҳрҳои Ироқ хориҷ шаванд.
XS
SM
MD
LG