Пайвандҳои дастрасӣ

Ба назар мерасад, вазъ дар Гурҷистон торафт печидатар мешавад.

Рӯзи 10-уми апрел мухолифини ҳукумат эълом доштанд, ки дигар ба ҳукумат итоат нахоҳанд кард. Тасмим дар ин бора дар гирдиҳамоии аҳзоби мухолифи ҳукумат дар Тифлис баъди он гирифта шуд, ки Михаил Саакашвилӣ талаби истеъфоро рад кард. Раисҷумҳури Гурҷистон дар маросими имзои созишнома дар бораи бунёди нерӯгоҳи обиву барқии Паравонӣ гуфт, ки то поёни мӯҳлати ваколаташ, яъне то соли 2013 дар мақоми сарвари кишвар боқӣ хоҳад монд. Ӯ эълом дошт, ки барои музокирот бо раҳбарони аҳзоби мухолиф омода аст. Михаил Саакашвилӣ ҳамчунин бори дигар ба ваҳдати мардуми Гурҷистон даъват кард.

Ширкаткунандагони намоиши эътирозӣ дар Тифлис аз Саакашвилӣ талаб карда буданд, ки дар бораи истеъфо тасмим бигирад. Яке аз раҳбарони мухолифин, раиси Ҳизби мардумии Гурҷистон Коба Давиташвилӣ изҳор намуд, сарпечии дастаҷамъӣ аз итоат ба ҳукумат ҳамарӯза дар Тифлис ва манотиқи кишвар аз соати сеи баъд аз зӯҳр шурӯъ шуда то соати 9-и шаб идома хоҳад кард.

Тибқи гузоришҳои то ин соат расида, мухолифин роҳҳои асосии маркази Тифлисро бастаанд. Онҳо шом ба чанд гурӯҳи тақсим шуда, дар назди бинои телевизион ва дар назди қароргоҳи раисҷумҳур ҷамъ омаданд. Қаблан Вано Мерабишвилӣ, вазири умури дохилаи Гурҷистон изҳор карда буд, ки ҳукумат ба мухолифин барои баёни озоди ақидаҳо монеъа эҷод нахоҳад кард ва аммо дар сурати зарурӣ аз чораҳои фаврӣ кор хоҳад гирифт. Ва ин гуфтаҳо ҳаводиси рӯзи 7 ноябри соли гузаштаро дар ёдҳо эҳё кард, ки мақомот намоиши эътирозии мухолифинро бо истифода аз тирҳои резинӣ ва гази ашковар саркӯб карда буд.

Ёдовар мешавем, намоишҳои эътирозӣ дирӯз дар 20 умин солгард аз саркӯбшавии тазоҳурот дар Тифлис аз сӯи артиши шӯравӣ шурӯъ шуданд. Дар ҳамоиши дирӯза даҳҳо ҳазор нафар ширкат доштанд ва садҳо нафари онҳо шабро дар хиёбони марказии пойтахт рӯз карданд. Нино Бурҷанадзе, яке аз раҳбарони мухолифин ва раиси пешини парлумони Гурҷистон элом дошт, ки истеъфои раисиҷумҳур як амри воқеист, зеро аз як сӯ дар кишвар демократия нест ва аз сӯи дигар маҳз бо айби Саакашвилӣ Гурҷистон аз 20 дар сади қаламраваш маҳрум шудааст. Манзури хонум Бурҷанадзе, эълони истиқлол аз сӯи Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон аст. Эътирозгарон мутмаинанд, ки маҳз Саакашвилӣ моҳи августи соли гузашта Гурҷистонро вориди даргирӣ бо Русия кард ва баъд аз он кишвар дар бӯҳрони амиқ қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG