Пайвандҳои дастрасӣ

Ишғоли як такягоҳи аслии Ҳикматёр


Нерӯҳои Фаронса, Амрико ва Афғонистон як такягоҳи аслии ҷангҷӯёни тарафдори Толибонро дар ҷануби Афғонистон ишғол карданд, ки соли гузашта 10 сарбози фаронсавӣ дар онҷо кушта шуд. Сипоҳи 800 нафарии муштарак бо ҳимояти ҳавопаймоҳои Амрико ба вилояти Узбин ворид шуданд, то пойгоҳи низомии Артиши Миллии Афғонистонро дар онҷо таъсис диҳанд. Вале ҷангҷӯёни вафодор ба ҷангсолори афғон Гулбиддин Ҳикматёр, ки ҳоло тарафдори Толибон аст, ба нерӯҳои хориҷиву маҳаллӣ муқовимат нишон додаанд. Ин минтақа ҳамчунин як роҳи аслии ҳаракати ҷангҷӯёнест, ки аз Покистон ба водии Каписо ворид мешаванд, ки дар шарқи он пойгоҳи низомии Амрико дар Багром воқеъ аст.
XS
SM
MD
LG