Пайвандҳои дастрасӣ

Бедодгарии тӯфону сӯхтор дар Амрико


Тӯфон ва сӯхтор дар ҷангалзорҳои васеъи иёлоти ҷанубии Амрико харобии зиёдеро ба бор оварда ва дасти кам 7 нафарро куштанд. Бар асари тӯфони сахт дар рӯзи ҷумъа дар аёлати Теннесӣ ду нафар ва дар аёлати Арканзас се нафар ба ҳалокат расиданд. Сӯхтор дар аёлати Техас дасти кам ҷони се нафарро гирифтааст. Баъди он ки дар 30 шаҳраки Оклахома сӯхтор 100 хонаро ба комаш фӯру бурд, дар ин иёлат вазъи фавқуллода эълом карданд. Бар асари ин фалокатҳои табиӣ ҳамчунин сокинони зиёде дар манотиқи ҷануб ва ғарбии Амрико аз нерӯи барқ маҳрум шудаанд.
XS
SM
MD
LG