Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳдиди тазоҳургарон ба Михайил Саакашвилӣ


Тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар пойтахти Гурҷистон шаҳри Тифлис бо талаби истеъфои раиси ҷумҳур Михайил Саакашвилӣ идома дорад. Тарафдорони мухолифин рӯзи ҷумъа фишор ба ҳукуматро афзоиш дода ва эълом карданд, ки бо нофармонӣ ба мақомот роҳҳои марказии шаҳрҳо мебанданд. Тазоҳургарон Михайил Саакашвилиро ба ақибнишинии аз роҳи демократия муттаҳам намуда ва мегӯянд, ки ӯ барои коҳиши бекорӣ дар Гурҷистон талоши кофӣ ба харҷ намедиҳад. Онҳо ҳамчунин Михайил Саакашвилиро барои ҷанги кӯтоҳаш бо Русия танқид кардаанд, ки дар натиҷаи он ҷанг Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон назорати комили минтақаҳаро ба даст гирифтанд.
XS
SM
MD
LG