Пайвандҳои дастрасӣ

Тайиланд нишасти АСЕАН-ро лағв кард


Баъди ҳамлаи садҳо тазоҳургар ба маҳалли як нишасти муҳими байналмилалӣ дар Тайиланд, Абҳисит Веҷаҷива – нахуствазири ин кишвар имрӯз дар шаҳри соҳилии Паттая ва навоҳии атрофи он вазъи фавқуллода эълом кард. Тазоҳургарон ба биное ҳамла карданд, ки қарор буд, дар онҷо нишасти сарони Иттиҳодияи кишварҳои Ҷанубушарқи Осиё мавсум ба АСЕАН баргузор шавад. Ҳамчунин раҳбарони Куриёи Ҷанубӣ, Ҳинд, Австралия, Зеландияи нав ва Чину Ҷопон қарор буд дар нишаст ширкат кунанд. Баъди ин бебандуборӣ, мақомоти Тайиланд нишасти дурӯзаи АСЕАН-ро лағв карданд. Тазоҳургарони тарафдори Таксин Шинаватра - нахуствазири собиқи Тайиланд, талаб доранд, то нахуствазири феълӣ Абҳисит Веҷаҷива аз мақомаш истеъфо диҳад.
XS
SM
MD
LG