Пайвандҳои дастрасӣ

Нақша садучанд фоиз иҷро шуд


Бино бар иттилоъи хабаргузориҳои кишвар ноҳияи Шуғнон дар рӯзи аввали сафарбаркунии даъватшавандаҳо ба Артиш нақшаи аскаргириро пурра иҷро кардааст.

Аммо дар деҳоти ноҳия сафарбаркунӣ ба Артиш ҳанӯз идома дорад. Ба гуфтаи як манбаъ, гурехтани ҳафт даъватшаванда, ки шаҳодатномаи ҳарбӣ ҳам ба номашон навишта гардид, зарурати ҷустуҷӯи даъватшавандаҳои навро ба вуҷуд овард. Аммо комиссари ҳарбии ноҳияи Шуғнон Кадхудо Бурдаков гуфт, ки гурезаҳо дастгир ва ба хизмат сафарбар мегарданд. Вай гуфт, ҳамчунин, ба хотири иҷрои нақшаи сафарбаркунӣ ба ҷойи ноҳияҳое, ки дар онҳо иҷрои нақшаи аскаргирӣ зери хатар аст, мақомоти ноҳия ризоият додааст, ки панҷ нафари дигарро иловатан ба хизмат равон хоҳанд кард.

Раиси ҷамоати деҳоти ба номи Мирсаид Миршакар Давлатмамад Исмоилов хизмат ба Ватанро қарзи фарзанди ҳар як шаҳрванд шуморида, мегӯяд, ҷавон бояд бидуни маҷбуркунӣ ба адои хизмат равад. Вай афзуд, аммо мавҷудияти ҳодисаҳои номатлуб дар артиш боиси дар зеҳни бархе аз ҷавонон ва волидайн барангехтани таассуроти манфӣ оид ба хизмат дар Артиш мегардад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилоъи комиссариати ҳарбии вилоят, то ба ҳол, нақшаи вилоятии даъват ба артиш 61 дар сад иҷро шудааст ва онҳо бовар доранд, ки дар мӯҳлати муаяншуда онро пурра иҷро хоҳанд кард. Аз ҳама кам ба Артиш аз ноҳияи Ванҷ ва Хоруғ сафарбар шуда, бино ба иттилоъи телевизиони Бадахшон, мутаносибан 6 ва 9 дарсадро ташкил додааст.

Як манбаъ дар мақомоти дохилаи шаҳр гуфт, милисаҳо дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомот хона ба хона даъватшавандаҳоро мекобанд, аммо бештари даъватшавандаҳо қаламрави вилоятро тарк ва муҳочират кардаанд. Дар ҳамин ҳол, комиссариат рӯ ба донишҷуёни ғоибхон оварда, ба дасти чанд нафар даъватнома супоридааст. Фаррух Ақназаров, ассистенти кафедраи физикаи донишгоҳ гуфт, пас аз хатми бахши рӯзонаи донишгоҳ ва ду соли кор акнун даъватнома ба дасташ расидааст.

Аммо ба гуфтаи Собир ва Алишер, сокинони шаҳри Хоруғ ва Ишкошим, манзараҳои ҳузнангези мавҷудияти мушкилоти иҷтимоӣ ва ҳодисаҳои нақзи ҳуқуқи сарбозон дар Артиш аз ҷониби ҳамхизматон ва афсарон ҳанӯз аз зеҳни ҷавонон зудуда нашудааст ва бо беҳтаршавии вазъ хизмат дар Артиш ба кори ифтихорӣ табдил хоҳад ёфт.

Ба гуфтаи пизишкон, саломатии даъватшавандаҳо дар қиёс бо вазъи тандурустии даъватшавандаҳои солҳои қабл беҳтар будааст, аммо оянда умдатан ҷавононе бояд ба Артиш сафарбар гарданд, ки дар солҳои шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ таваллуд шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, дар ин давра мизони таваллуд якбора коҳиш ёфта, иҷрои нақшаи даъват ба мушкилоти боз ҳам бештар рубару хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG