Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати панҷ низомии ИМА дар Мосул


Бар асари таркиш дар шаҳри Мосул, воқеъ дар шимоли Ироқ, ҳафт нафар – панҷ низомии амрикоӣ ва ду корманди полиси маҳаллӣ ба ҳалокат расиданд. Даҳҳо нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд. Ба иттилоъи мақомоти маҳаллӣ, як маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро дар канори пойгоҳҳои артиш ва полиси Ироқ мунфаҷир кард.
Гуфта мешавад, ҳарчанд тайи як соли ахир хушунат дар Ироқ коҳиш ёфтааст, ошубгарон дар Мосул то ҳол аз ҳамлаҳои густардаи террористӣ кор мегиранд.
XS
SM
MD
LG