Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифини гурҷӣ ба ҳукумат итоат нахоҳанд кард


Мухолифини Гурҷистон эълом доштанд, ки аз ин баъд ба ҳукумат итоат нахоҳанд кард. Тасмим дар ин бора дар гирдиҳамоии аҳзоби мухолифи ҳукумат дар Тифлис баъди он гирифта шуд, ки раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ талаби истеъфоро рад кард. Саакашвилӣ имрӯз дар маросими имзои созишномаи бунёди нерӯгоҳи обиву барқии Паравонӣ гуфт, ки то поёни мӯҳлати ваколаташ дар соли 2013 дар мақоми сарвари кишвар боқӣ хоҳад монд. Дирӯз ширкаткунандагони намоиши эътирозӣ дар Тифлис аз Саакашвилӣ талаб карда буданд, ки то соати чаҳори баъд аз зӯҳри рӯзи ҷумъа дар бораи истеъфо тасмим бигирад.
Яке аз раҳбарони мухолифин, раиси Ҳизби мардумии Гурҷистон Коба Давиташвилӣ изҳор намуд, ки сарпечии дастаҷамъӣ аз итоат ба ҳукумат ҳамарӯза дар Тифлис ва манотиқи кишвар аз соати сеи баъд аз зӯҳр шурӯъ шуда то соати 9 шаб идома хоҳад кард.
Ба иттилоъи хабаргузориҳо, айни ҳол мухолифин шоҳроҳҳои дохили Тифлисро баста тазоҳуротро дар назди бинои телевизиони ҷамъиятӣ ва қароргоҳи раисиҷумҳур идома медиҳанд.
XS
SM
MD
LG