Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушоиши "Гӯшаи амрикоӣ"


Ҷавонони Қӯрғонтеппа аз кушоиши «Гӯшаи амрикоӣ» дар маркази омӯзиши забони англисии «Сворд-теппа» истиқбол карда, мегӯянд, дар сурати омӯзиши ройгони ин забон ва истифодаи адабиёти тозанашри марказ сатҳи донишҳои забонии худро сайқал дода метавонанд.

Дар расми ифтитоҳи гӯшаи амрикоӣ дар Қӯрғонтеппа Трейси Энн Ҷейкобсон, сафири Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон, ба забони тоҷикӣ аз донишомӯзони маҳаллӣ даъват кард, ки аз ин марказ ҳамчун захираи иттилоот оид ба Амрико ва имкониятҳои таълиму тадрис дар он кишвар истифода кунанд.

Вай ҳамчунин гуфт, «то ин замон дар Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб чунин гӯшаҳо таъсис дода будем. Ва ният дорем панҷумин ҳамин гуна марказро дар моҳи июн дар маркази Бадахшон – шаҳри Хоруғ ифтитоҳ кунем».

Сафири Амрико, ки ба тоҷикӣ ҳарф мезад, изҳори умедворӣ кард, ки ҷавонони тоҷик ҳам ояндаи наздик бо истифода аз имконоти гӯшаи амрикоӣ забони англисиро ҳамин гуна хуб баллад мешаванд.
Дар ин росто, иддае аз ҷавонони маҳаллӣ мегӯянд, ҳарчанд дар гӯшаи амрикоии маркази омӯзишии «Сворд-теппа» имконияту шароити омӯзиши забони англисӣ хеле фаровонтар аст, аммо ба ин сабаб, ки дарсҳо пулакӣ ҳастанд, на ҳама сокинони маҳаллӣ, бавижа онҳое, ки дар ҳоли нодорӣ ба сар мебаранд, имкони ширкат дар ин давраҳои омӯзиширо доранд.

Регина Соколова, ҳамоҳангсози кори маркази омӯзишӣ дар Қӯрғонтеппа, мегӯяд, хоҳишмандон метавонанд дар «Гӯшаи амрикоӣ» аз Интернет ройгон истифода карда, ҳамчунин филм бубинанд, мусиқӣ бишнаванд ва ё танҳо фароғати фарҳангӣ дошта бошанду китоб хонанд.

Ба гуфтаи сафири Амрико дар Тоҷикистон, барои бунёди ҳар як «Гӯшаи амрикоӣ» дар ин кишвар сафорат 30 ҳазор доллар масраф кардааст. Дар саросари ҷаҳон ҷамъан 360 ҳамин гуна гӯшаҳо мавҷуд мебошад, ки аз тариқи ин марокиз ҷавонон бо барномаҳои таълимию омӯзишии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ошно мешаванд.

Масалан, ҳар сол аз Тоҷикистон 200 нафар бо роҳи иттилоъгирӣ аз марказҳои омӯзишии амрикоӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои таҳсил сафарбар мешаванд. Сафири Амрико ҳамчунин гуфт, феълан 350 тоҷикистонӣ дар ИМА бо маблағи худ таҳсил мекунанд, ки ин нишони равобити зичи ду кишвар дар масоили омӯзишу парвариш ва гувоҳи фаъолиятҳои самараовари марказҳои омӯзишист.
XS
SM
MD
LG