Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон: Роҳзанҳо посухи сазовор хоҳанд гирифт


Роҳзанҳои дарёии Сомалӣ се шабонарӯз боз капитани киштии амрикоиро дар банд нигаҳ медоранд. Айни ҳол гуфтушунид бо одамрабоён идома дорад. Капитани киштӣ Ричард Филипс ҳангоми талоши нокоми роҳзанҳои дарёӣ барои ғасби киштии амрикоӣ гаравгон гирифта шуд. Ҳилларӣ Клинтон, Котиби давлатии ИМА имрӯз изҳор намуд, ки кишвараш дар мубориза бо роҳзанҳои дарёӣ дар уқёнуси Ҳинд аз чораҳои қатъӣ кор мегирад. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, ба соҳилҳои Африқо гурӯҳҳои нави низомӣ интиқол дода хоҳанд шуд. Хонум Клинтон афзуд, ки “мо раҳзании дарёиро мушкили ҷиддӣ меҳисобем. Ин афродро ба ҷуз ҷинояткор наметавон ном бурд. Мо мехоҳем аз як идда чораҳо, аз ҷумла, тавассути нерӯҳои ҳарбӣ-баҳрӣ ва Бюрои федеролии тафтишот кор бигирем то вазъи гаравгон гирифтани капитанро ҳал намоем ва роҳзанҳои дарёиро ба додгоҳ бикашем. Таърихи роҳзании дарёӣ ба умқи қарнҳо мебарад, вале мо талош дорем ба онҳо посухе диҳем, ки ҷавобгӯи қарни 21 бошад".
XS
SM
MD
LG