Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бутефлиқо боз раисиҷумҳури Алҷазоир интихоб шуд


Абдулазиз Бутефлиқо барои саввумин бор раисиҷумҳури Алҷазоир интихоб шуд. Ба иттилоъи расмӣ, дар раъйдиҳии рӯзи панҷшанбе беш аз 90 дар сади раъйдиҳандагон аз номзадии раисиҷумҳури 72-сола ҷонибдорӣ карданд. Гуфта мешавад, ки 75 сади афроди соҳиби ҳаққи раъй пушти қуттиҳои овоздиҳӣ ҳозир шуданд. Ва аммо мухолифин ҳукуматро дар тақаллуби натоиҷи раъйдиҳӣ айбдор мекунанд. Абдулазиз Бутефлиқо даҳ сол боз сарварии Алҷазоирро бар дӯш дорад.
XS
SM
MD
LG