Пайвандҳои дастрасӣ

Қаҳрамони 58-каратаи мотосиклронии Тоҷикистон


Сафаралӣ Раҷабов

Сафаралӣ Раҷабов

Мусобиқаи қаҳрамонии мотосиклронии Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи аввали бошгоҳи ҷумҳуриявии варзишию техникии шаҳри Душанбе ба анҷом расид.

Дар ин мусобиқа, ки дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуд, 48 варзишгар аз манотиқи мухталифи кишвар дар ҳайати 12 даста ҳунарнамоӣ карданд.

Узви дастаи аввали бошгоҳи ҷумҳуриявии варзишию техникӣ Сафаралӣ Раҷабов дар рақобатҳои инфиродӣ дар пойга бо мотосикли ҳаҷми муҳаррикаш 500 сантиметри мукааб ғолиб шуд.

Шариф Азизов, сардори шӯъбаи навъҳои варзишию техникии Кумитаи марказии Ташкилоти мададгори мудофиаи Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Ҷенерол Раҷабови 58-сола, ки муовини раиси Кумитаи марказии Ташкилоти мадагори мудофиаи Тоҷикистон мебошад, дар таърихи варзиши техникии тоҷик чандин рекорд гузоштааст. Ин дафъа ӯ барои бори 58-ум бо медали тиллои мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон мукофотонида шуд».

Боз ду узви дастаи аввали бошгоҳи ҷумҳуриявии варзишию техникӣ Олим ва Дилшод Раҷабовҳо ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Олим дар пойга бо мотосикли ҳаҷми муҳаррикаш 250 сантиметри мукааб ва Дилшод бо мотосикли ҳаҷми муҳаррикаш 350 сантиметри мукааб ҷойҳои аввалро касб карданд.

Дар навъи дигари рақобатҳо - пойга бо мотосикли ҳаҷми муҳаррикаш 125 сантиметри мукааб - узви дастаи ноҳияи Ёвон Ашӯралӣ Маҳмадалиев пирӯзӣ ба даст овард.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG