Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Михаил Саакашвилӣ ба истеъфо рафтанӣ нест


Михаил Саакашвилӣ, раисиҷумҳури Гурҷистон, бо тақозои аҳзоби мухолиф ба истеъфо рафтанӣ нест. Ӯ имрӯз дар маросими имзои созишнома дар бораи бунёди нерӯгоҳи обиву барқии Паравонӣ гуфт, ки то поёни мӯҳлати ваколаташ дар соли 2013 дар мақоми сарвари кишвар боқӣ хоҳад монд.
Дирӯз ширкаткунандагони намоиши эътирозӣ дар Тифлис аз Саакашвилӣ талаб кардаанд, ки то соати чаҳори баъд аз зӯҳри рӯзи ҷумъа дар бораи истеъфо тасмим бигирад. Раҳбари ҳизби “Ҳаракати демократӣ-Гурҷистони воҳид” Нино Бурҷанадзе изҳор намуд, ки мақомот ба аҳзоби мухолиф хело дер пешниҳоди музокирот карданд.
Дар гирдиҳамоии дирӯзаи мухолифин дар маркази Тифлис даҳҳо ҳазор нафар истеъфои раисиҷумҳурро талаб намуданд. Шаби гузашта дар назди бинои парлумон даҳҳо тан аз фаъолони мухолифин шабзиндадорӣ карданд. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, дар ин ҷо Ираклий Хухунеишвилӣ, як тан аз фаъолони созмони радикалии ҷавонон “Чаро?” мавриди лату кӯби афроди ношинос қарор гирифт ва бо ҷароҳатҳои зиёд ба бемористон интиқол ёфт. Мухолифини ҳукумат нимарӯзӣ тазоҳуротро аз сар мегиранд.
XS
SM
MD
LG