Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломатҳо стратегияи ИМА-ро нокофӣ мехонанд


Сафирони Покистон ва Афғонистон дар ИМА аз стратегияи нави президент Барак Обама дар баробари ин ду кишвар истиқбол карданд. Ва аммо онҳо ин стратегияро барои муқобила бо ҷунбиши “Толибон” нокофӣ мехонанд. Сафири Покистон Ҳусейн Ҳаққонӣ изҳор намуд, ки барои пирӯзии комил аз болои ошубгарон афзоиши кумаки молии Вошингтон ба Исломобод зарур аст. Дипломати афғон Сайид Ҷавод бошад ба зарурати афзоиши теъдоди нерӯҳои амниятӣ дар Афғонистон ишора кард. Ба гуфтаи ӯ, теъдоди низомиён бояд на камтар аз 250 ҳазор ва теъдоди кормандони полис бояд ҳаққи аққал 150 ҳазор нафар бошад. Аз ин пеш Кохи Сафед барои Покистон 7 миллиард доллар ҷудо карда буд.
XS
SM
MD
LG