Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифин тазоҳуротро дар Тифлис идома медиҳанд


Аҳзоби мухолифи ҳукумати Гурҷистон истеъфои раисиҷумҳур Михаил Саакашвилиро талаб доранд. Ширкаткунандагони намоиши эътирозӣ дар Тифлис аз сарвари давлат тақозо кардаанд, ки то соати чаҳори баъд аз зӯҳри имрӯз дар бораи истеъфо тасмим бигирад. Раҳбари ҳизби “Ҳаракати демократӣ-Гурҷистони воҳид” Нино Бурҷанадзе изҳор намуд, ки мақомот ба аҳзоби мухолиф хело дер пешниҳоди музокирот карданд.
Дирӯз дар гирдиҳамоии аҳзоби мухолиф дар маркази Тифлис даҳҳо ҳазор нафар ширкат намуданд. Кормандони полис амр гирифта буданд, ки дар баргузории тазоҳурот монеъа эҷод накунанд. Шаби гузашта дар назди бинои парлумони Гурҷистон даҳҳо тан аз фаъолони мухолифин шабзиндадорӣ карданд. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, дар ин ҷо Ираклий Хухунеишвилӣ, як тан аз фаъолони созмони радикалии ҷавонон “Чаро?” мавриди лату кӯби афроди ношинос қарор гирифт ва бо ҷароҳатҳои зиёд ба бемористон интиқол ёфт.
Аҳзоби мухолифи ҳукумат тасмим гирифтаанд, ки нимарӯзӣ тазоҳуротро аз сар бигиранд.
XS
SM
MD
LG