Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Клинтон ба иддаои ахири Эрон чандон бовар надорад


Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, ба иддаоҳои ахири ҳастаии Эрон чандон эътимод надорад. Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дирӯз дар расми ифтитоҳи нахустин корхонаи маводи сӯхти ҳастаии кишвараш дар шаҳри Исфаҳон гуфт, кишвараш алакай ба 7 000 сентрифугаи лозим барои ғанисозии ураниум даст ёфтааст. Клинтон гуфт, чунин иддаоҳо дар гузашта низ садо медод, вале баъдан маълум шуд, ки воқеъӣ набудаанд. Аҳмадинажод дар Исфаҳон ҳамчунин гуфт, агар гуфтугӯ бар пояи адолат ва эҳтиром барпо шавад, ӯ ба музокирот бо Ғарб омода ҳаст.

XS
SM
MD
LG