Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи Душанбе-Чанак то поёни сол иҷро хоҳад шуд


Хабаргузории Авесто аз қавли Маркази татбиқи барномаи сохтмони роҳи Душанбе-Чанак хабар дод, ки тармиму бозсозии ин шоҳроҳ, ба истиснои нақби Шаҳристон, то поёни соли ҷорӣ ба анҷом хоҳад расид. Ба иттиллои манбаъ, корҳои сохтмонӣ айни замон дар 240 км аз тӯли 360 километрии роҳ пурра ба итмом расидааст. Лоиҳа бунёди 39 пулро дар имтитоди ин ҷода дар назар гирифтааст, ки то ҳоли ҳозир 36 пул сохта шудааст. Дар туннели Шаҳристон бошад аз ҳарду самт ҳам дар туннели мошингузар ва ҳам дар туннели ҳавогузар корҳои сохтмонӣ босуръат идома дошта, дар нақби мошинрав 3 124 ва дар нақби ҳавогузар 3 100 метри он канда шудааст. Иҷрои барномаи тармими шоҳроҳи Душанбе –Чанакро ширкати чиноии China Road бар ӯҳда дорад.
XS
SM
MD
LG