Пайвандҳои дастрасӣ

Хароҷоти ду ҷанги Амрико ба 1 триллион $ мерасад


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама барои идомаи амалиётҳои низомӣ дар Ироқу Афғонистон дар соли ҷории молиявӣ 83,4 миллиард доллар дархост кардааст. Хадамоти таҳқиқотии Конгресси Амрико мегӯяд, ин дархост ҳазинаи ду ҷанги Амрико дар Афғонистону Ироқ аз 11 сентябри соли 2001 ба ин тарафро ба тақрибан 1 триллион доллар мерасонад. Наздики 76 миллиард доллар аз маблағе, ки Обама мехоҳад, ба амалиётҳои сирф низомӣ, аз ҷумла барои маблағгузории барномаи афзоиши нирӯҳои Амрико дар Афғонистон масраф хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG