Пайвандҳои дастрасӣ

Амалиёти пулиси Туркия алайҳи фаъолони Ал-Қоида


Бино ба хабарҳо, воҳиди зиддитеррори пулиси Туркия дирӯз 28 нафарро бо иттиҳоми иртибот бо шабакаи Ал-Қоида боздошт кардааст. Хабаргузории Анатолия аз қавли волии маҳаллӣ Меҳмет Қиличлар навишт, гумонбарон фаъолиятҳои худро дар чандин навоҳии шаҳри Эскишаҳр дар ғарби Туркия ба роҳ гузошта буданд. Бахши туркии Ал-Қоида масъулияти бамбгузорӣ алайҳи ду канисаи яҳудӣ ва консулхонаву як бонки Бритониё дар Истанбул дар соли 2003-ро бар ӯҳда гирифт. Бар асари он ҳамалот 63 нафар кушта ва садҳо тан маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG