Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико айбномаи Собириро "бебунёд" номид


Амрико дар бораи иттиҳомоти ворида ба Роксана Собирӣ, хабарнигори эронитабори амрикоӣ, ки аз моҳи январ дар Эрон дар боздошт ба сар мебарад, дигарбора изҳори нигаронӣ кард. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Роберт Вуд ин иттиҳомотро “бебунёд” ва “бидуни асос” номид. Рӯзи чоршанбе мақомоти Эрон Роксана Собириро расман ба ҷосусӣ айбдор карданд ва гуфтанд, ки ӯ ин иттиҳомро эътироф кардааст. Собирӣ ибтидо бо иттиҳоми харидани машрубот боздошт шуд, вале мақомоти Эрон баъдан гуфтанд, ки муҷавизи хабарнигории ӯ ҳанӯз 3 сол пеш поён ёфта, аз он ба баъд ӯ дар Эрон ба таври ғайриқонунӣ фаъолият доштааст. Бино ба хабарҳо, Роксана Собирӣ бояд дар ҳафтаи оянда ба додгоҳ эҳзор шавад.
XS
SM
MD
LG