Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътилоф ҳалокати 2 занро эътироф кард


Нирӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико дар Афғонистон мунҷар ба ҳалокати афроди ғайринизомӣ шудани амалиёти ин нирӯҳо дар вилояти Хустро эътироф карданд. Эътилоф гуфта буд, ки дар амалиёти рӯзи чоршанбе 4 ҷангӣ кушта шуд. Акнун эътилоф кушта шудани ду зан ва ҷароҳат бардоштани як зани дигарро низ таъйид кард. Ҳалокати афроди осоишта дар ҷараёни амалиёти нирӯҳои хориҷӣ мояи танишҳо миёни Амрико ва раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай шудааст. Карзай ҳатто талаб кард, амалиётҳои эътилоф дар рустоҳои Афғонистон қатъ шаванд.
XS
SM
MD
LG