Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигаронии Маскав аз қатъи барномаҳои РТР-Планета


Масъулони ширкати ВГТРК аз қатъи якҷонибаи пахши барномаҳои РТР-Планета дар Тоҷикистон шадидан изҳори нигаронӣ кардаанд.ИТАР –ТАСС аз қавли манобеи ин ширкат гуфтааст,ки ширкати «Телерадиоком»- Тоҷикистон шурӯъ аз 2 март бидуни огаҳии қаблӣ нашри барномаҳои РТР-Планета дар ин кишварро қатъ кардааст. Хабаргузории ИТАР-ТАСС аз қавли дафтари матбуотии ин ширкат навиштааст, ки дар моҳи январ ҷониби Тоҷикистон ба манзури афзоиши нархи пахши барномаҳо то панҷоҳ дар сад нома ирсол доштааст. Ва ҳарчанд соли молиявӣ ба анҷом расида буд, ҷониби Русия ба ин пешниҳод розӣ шудааст ва ҳамаи қарзҳои соли 2008 аз ҷониби ширкати РТР-Планета ба Телерадиоком пардохт карда шуд. Азбаски ҳанӯз барои пахши барномаҳо дар соли 2009 созиш ҳосил нашуда буд, мо наметавонистем маблағгузорӣ кунем, вале Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон дар таърихи 27 март расман изҳор дошт,к и дигар барномаҳои РТР-Планета ва Радиои Русия дар қаламрави Тоҷикистон нашр намешаванд. ИТАР-ТАСС аз қавли мудири кулли ВГТРК навиштааст, як ҳайати музокиротӣ барои ҳалли қазия аз ҷониби Русия омода шуда ва ҳозир аст дар ҳар лаҳзаи мумкин ба Тоҷикистон биравад. Дар ҳамин ҳол, тибқи як хабари дигари ҳамин хабаргузорӣ, мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки бидуни пардохти қарзи 7 миллионрублии ҷониби Русия ҳеҷ гуна музокирот ҷиҳати азсаргирии нашри барномаҳои РТР-Планета дар Тоҷикистон сурат нахоҳад гирифт. Хабаргузорӣ аз қавли манобеи наздик ба Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикстон гуфтааст, ки қарори қатъи пахши барномаҳои ширкати русӣ дар Тоҷикистон иваз нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG