Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод гуфт, ба музокирот омода ҳаст


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дирӯз дар расми ифтитоҳи нахустин корхонаи маводи сӯхти ҳастаии кишвараш дар шаҳри Исфаҳон гуфт, ӯ барои музокироте, ки бар пояи адолат ва ҳусни эҳтиром созмон биёбад, омода ҳаст. Қудратҳои ҷаҳонӣ аз гурӯҳи “5 ҷамъи 1” ахиран дар Лондон ҷиҳати ба музокироти мустақими барномаҳои ҳастаияш даъват кардани Эрон тавофуқ карданд. Аммо сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико гуфт, таъсиси корхонаи ҳастаии Исфаҳон барои чунин музокирот мушкили ҷиддӣ эҷод мекунад. Эрон мегӯяд, барномаҳои ҳастаияш мусолиматомезанд, вале дар Ғарб ба ин боваранд, ки Теҳрон барномаи сохтани силоҳҳои ҳастаиро дунбол мекунад.
XS
SM
MD
LG