Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирозҳои густардаи мухолифин дар Тифлис


Даҳҳо ҳазор тазоҳургар дирӯз дар Тифлис, пойтахти Гурҷистон, бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ раҳпаймоӣ карданд. Бино ба хабарҳо, дар майдони рӯбарӯи бинои парлумони Гурҷистон дастикам 60 000 нафар ҷамъ шуда буд. Раҳбарони мухолифин мегӯянд, ба намоишҳои эътирозӣ то замони аз раёсати ҷумҳурии Гурҷистон истеъфо додани Михаил Саакашвилӣ идома хоҳанд дод. Мухолифин Саакашвилиро ба он айбдор мекунанд, ки қудратро дар дасти худ мутамарказ карда, бар хилофи ваъдаҳои дар рӯзҳои “инқилоби садбаргӣ”-и соли 2003 додааш ислоҳотро дар кишвар буғӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG