Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон омодаи гуфтугӯ оид ба баҳсҳои ҳастаӣ мебошад


Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон имрӯз гуфт, ки вай омода аст вориди музокироти ҳастаӣ шавад, дар сурате, ки ин гуфтугӯҳо бар асоси адлу эҳтиром ҷараён гирад. Аҳмадинажод ин изҳоротро дар ҷараёни ифтитоҳи коргоҳи аввалини сӯхти ҳастаӣ дар Исфаҳон кард. Ҳукуматҳои ғарбӣ нигаронанд, ки фаъолиятҳои ҳастаии Эрон метавонад боиси истеҳсоли маводе шавад, ки дар тавлиди аслиҳаи атомӣ кор меравад. Эрон ингуна иттиҳомотро ҳамеша рад кардааст. Рӯзи чоршанбе ИМА изҳор намуд, ки дар музокироти мустақим бо Эрон оид ба барномаи ҳастаии ин кишвар иштирок мекунад ва ин изҳорот аз он чи ки маъмуриятҳои пешини Кохи Сафед изҳор мекарданд, тафовут дорад. Шаш қудрати ҷаҳонӣ, аз ҷумла ИМА, Бритониё, Чин, Фаронса, Олмон ва Русия Эронро барои музокираҳои нав ба хотири пешрафт дар баҳсҳои ҳастаӣ даъват мекунанд. Ҳанӯз Эрон посухи расмии худро дар ин замин ироа накардааст.
XS
SM
MD
LG