Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зуҳури ғоратгарони афғонистонӣ?


Бино ба иттилоъи шӯъбаи минтақавии милисаи деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон, шаби 7-уми апрел аз ҷониби афроди номаълум, ки гумон меравад, шаҳрвандони Афғонистон мебошанд, кӯшиши ғорат намудани манзили сокини деҳаи Барчиди ноҳия Саидмирзо Броимшоев ва мавриди таҳдид қарор гирифтани соҳибхона ба вуқӯъ пайвастааст.

Саидмирзо Броимшоев гуфт, ки вай шабона аз шарфаи по бедор шуда, дар даҳлез шахсеро дид, ки ба кофтукоби чизу чора машғул буд ва ҳангоме, ки дуздро дунболгирӣ мекард, аз лаби соҳил чанд нафари дигар ба дузд пайвастанд ва ба вай таҳдид карданд. Саидмирзо гуфт, ки вай аз лаҳни гуфтугузор фаҳмидааст, ки ин афрод сокинони он тарафи рудхонаи Панҷ ҳастанд ва наздиконро ба ёрӣ хостааст.

Ба гуфтаи Ҳакимбек Хишолов, раиси ҷамоати деҳоти Поршинев аз оғози соли равон ҳодисаҳои рабудани чизу чораи сокинони деҳоти марзии ноҳияи Шуғнон ба шумули масолеҳи сохтмонӣ, либосворӣ ва асбобу афзори рӯзгордорӣ вуҷуд доштаанд, аммо онҳо далели даст доштани шаҳрвандони кишвари ҳакмсояро дар сирқати мол надоштаанд. Вай гуфт, ки аммо пас аз ин ҳодиса мақомоти маҳаллӣ аз ҳисоби ҷавонон гурӯҳҳои ғайримусаллаҳ созмон додааст, ки довталабона дар ҳамкорӣ бо мақомоти дохила ба ҳифозати марз пардохтаанд.

Гуфта мешавад, ки марзбонон низ назорати марзро пурзур намудаанд. Аммо ба фикри сокинон, афзоиши марзшиканӣ то андозае аз суст шудани ҳифозати марз дарак медиҳад. Сокинон нигарон ҳастанд, ки агар дар таҳкими марз иқдом нашавад, марзшиканон шояд маззахурак шуда, ба Шӯроободи дуввум табдил ёфтани деҳоти марзӣ дар Бадахшонро аз эҳтимол дур намешуморанд.

Ба гуфтаи коршиносон, ҳануз чанд сол қабл бархе аз сокинони деҳоти марзии Бадахшони Тоҷикистон низ дар даст яроқ доштанд ва дар сурати лозим метавонистанд аз худ дифоъ кунанд. Аммо акнун таъмини ҳаёти осоиштаи мардум куллан бар души марзбонон ҳаст.
XS
SM
MD
LG