Пайвандҳои дастрасӣ

Комиссиюни марказии интихоботҳои Молдова розӣ шуд, ки барои санҷиши баргаҳои раъйдиҳии интихоботи баҳсбарангези порлумонии кишвар, ки бо тазоҳуроти мухолифин анҷомид, намояндаҳои ҳизбҳои сиёсӣ роҳ дода шаванд.

Рӯзи панҷшанбе мавҷи эътирозҳо поин омад. Дирӯз раисиҷумҳури Молдова Владимир Воронин Руминияро барои кӯшиши ташкили кудатое дар кишвараш муттаҳам кард.

Се ҳизби аслии мухолифини Молдова рӯзи панҷшанбе, баъди дарёфти ризоияти мақомоти комисссиюни интихоботӣ барои санҷиши баргаҳои раъйдиҳӣ, пирӯзии аввали худро ба даст оварданд. Аслан ин талаби марказии мухолифини тазоҳургар буд. Баъди эълони натиҷаҳои муқаддамотии интихобот дар рӯзи 5 апрел ва сар задани эътирозҳову ба хушунат гаравидани раҳпаймоҳои мардум рӯзи сешанбе Комиссиюни марказии интихоботҳо зоҳир маҷбур шуд, ки талаби мухолифинро иҷро кунад. Се ҳизби аслии мухолифин - ҳизби Либерал, Либерал-демократ ва эътилофи "Молдоваи мо" беш аз 30 дарсади раъйи мардумро ба даст овардаанд. Ин аҳзоб ҳизби коммунистиро дар тақаллуби натиҷаҳои овоздиҳӣ, таҳияи баргаҳои иловагии дурӯғин аз номи садҳо ҳазор молдованҳое, ки ҳоло дар хориҷи кишвар ба сар мебаранд, муттаҳам карданд.

Раҳбарони мухолифин талаб доштанд, ки онҳоро барои санҷиши баргаҳо ва ё ҳадди аққал муқоисаи рақам ва исми раъйдиҳандагон роҳ диҳанд. Ва талаби охири онҳо, ба назар мерасад, қабул шуд ва мақомоти комиссиюни интихоботӣ гуфтанд, ки мухолифин чаҳор рӯз вақт дар ихтиёр доранд, ки ин ҳама корро анҷом диҳанд.

Дар хиёбонҳои Кишинев рӯзи панҷшанбе дубора оромиву субот барқарор шуд ва ҳеҷ нишонае аз эътирозҳо ба чашм намехӯрд. Василе Ботнару, раиси бюрои радиои Озодӣ дар Кишинев гуфт:

"Ман дуруст 15 метр дуртар аз сохтмони ҳукумат қарор дорам ва ин ҷо ҳеҷ нишонае аз эътирозҳо ё раҳпаймоие ба чашм намехӯрад. Ду полиси муҳофиз дар ин ҷо истодаанд. Дар беруни калисои ҷомеъ шумори мардум мисли рӯзҳои оддӣ мебошад. Раҳгузарҳо аз назди сохтмони ҳукумат убур мекунанд, мисле ки дирӯз, 8 апрел чизе нашуда бошад. Ҳама чиз хеле сокиту ором аст".

Вай инчунин афзуд, ки ҳеҷ эълон ё огаҳие дар бораи баргузории ҳамоишҳои нав ба даст наомадааст: "Ҳеҷ эълон дар бораи ҳамоишҳои нав садо надодааст ва ҳеҷ як ташаббускоре ҳам ба чашм намехӯрад. Дирӯз ман то шаби дер дар майдон будам, мардум эътироз мекарданд, вале ҳеҷ эълони нав дар бораи эҳтимоли ташкили раҳпаймоиҳои нав садо надод".

Аммо аз сӯи дигар оромии мазкур метавонад хатарнок бошад. Тибқи баъзе хабарҳо, нерӯҳои амниятӣ бархе раҳбарони тазоҳуротро боздошт ва латукӯб кардаанд. Мақомот мегӯянд, ки эътирозгарон аз Руминияи ҳамсоя пуштибонӣ ёфтаанд.

Тибқи натиҷаҳои охирини интихобот, ҳизби коммунисти Молдова аз 101 курсии порлумон 50 дарсад ё 60-тои онро соҳиб шуд ва ин як овоз камтар назар ба натиҷаҳои муқаддамотии интихобот аст, ки рӯзи 6 апрел эълон шуда буд. Аксари кулли раъйҳо ба коммунистҳо ҳақи интихоби президенти ояндаи Молдоваро баъди анҷоми мӯҳлати раёсатҷумҳурии Владимир Воронин фароҳам меорад. Худи Воронин, ки мӯҳлати дуюми раҳбариро хотима медиҳад, дигар ҳақи пешбарӣ кардани номзадии худро дар интихобот надорад.

Дар ҳамин ҳол, иттиҳомоти Молдова оиди аз ҷониби Руминия тарҳрезӣ шудани эътирозҳо боиси сар задани ҷанҷоли нави дипломатӣ дар миёни ин ду кишвар шудааст. Молдова, ки қабл аз шурӯи Ҷанги дуюми ҷаҳон як бахше аз Руминия будааст, бо ин кишвар умумиятҳои таърихӣ дорад.

Нахуст Молдова сафири Руминия дар Кишинев Филиипп Теодорескуро persona non grata эълон карда аз қаламрави кишвар хориҷ кард ва дар қадами баъдӣ, бо ин кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо ба таври якҷониба низоми раводид ҷорӣ кард. Қиръаҳои марзӣ бо Руминия ба таври интихобӣ баста шуда ба гурӯҳи калони хабарнигорони ин кишвар иҷозаи ворид шудан ба кишвар дода нашуд. Ҳамакнун шумори зиёди донишҷӯёни молдованӣ, ки дар мактабҳои олии Руминия таҳсил мекунанд, феълан наметавонанд вориди ватанашон шаванд.

Се хабарнигори руминӣ қариб буд бо иттиҳоми "фаъолиятҳои номуносиб" бо қонуни миллӣ аз кишвар хориҷ мешуданд. Дар хабарҳои дигар аз Украина гуфта мешавад, ки мақомоти Киев як соҳибкори молдованӣ Габриэл Статиро бо иттиҳоми эҳтимолии маблағгузории эътирозҳои Кишинев боздошт карданд.

Воронин се ҳизби мухолифинро дар он муттаҳам кард, ки гӯё бо пули Руминия кор карда зидди тамомияти арзии Молдова ҳамроҳ бо Бухарест нақшаҳо кашидаанд. Иттиҳомоти Воронин баъди он садо дод, ки баъзе аз эътирозгарон парчами Руминияро дар болои сохтмони кохи президентӣ барафрохтанд.
Ҳам мухолифони Руминия ва ҳам Молдова иттиҳомоти мазкурро ҳамчун гумроҳии тамом рад кардаанд.

Влад Филат, раиси ҳизби Либерал-демократ гуфт, ки иттиҳомоти зиддируминия комилан беасос ву иштибоҳ аст:

"Ин як изҳороти комилан бемасъулиятона аст, ки аз қабл хеле хуб андешидашуда будааст. Баъди ҳамаи он таҳқире, ки коммунистҳои Молдова нисбати Руминия бор карданд, фикр намекунам, ки онҳо боз аз ин бештарашро таҳаммул кунанд. Онҳо нодида мегиранд, ки Руминия узви Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО мебошад. Маълум буд, ки баъзе иқдом аз ҷониби иғвогарҳо тарҳрезӣ ва иҷро шудааст".

Иттиҳодияи Аврупо, ИМА ва САҲА ҳарду ҷонибро ба оромӣ даъват кардаанд. Дар ҳамин ҳол, вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо ва Руминия бояд тавре рафтор кунанд, ки "Шиору парчамҳои Руминия" тамоияти арзии Молдоваро ба ҳам назанад. Русия дар минтақаи ҷудоихоҳи Наздиднестри Молдова ҳудудан як ҳазор нирӯ дорад ва чунин ба назар мерасад, ки дар вақтҳои охир нуфузашро болои ҳизби коммунисти Молдова боз ҳам афзун кардааст.
XS
SM
MD
LG