Пайвандҳои дастрасӣ

Кореяи Шимолӣ конститутсияро бознигарӣ хоҳад кард


Матбуоти Кореяи Шимолӣ имрӯз хабар дод, ки ҳизби коммунистии ин кишвар ният дорад Қонуни асосиро бознигарӣ кунад. Хабаргузории марказии Кореяи Шимолӣ гузориш медиҳад, ки имрӯз ҳайати тозаинтихоби парлумони Кореяи Шимолӣ нишасте барпо карда бо раъйи оро қонунеро оид ба "бознигарӣ ва ислоҳ шудани конститутсияи ин кишвар" қабул кард. Феълан тафсилоти бештари ин хабар дар даст нест. Ким Чен Ир, раҳбари Кореяи Шимолӣ шахсан дар кори ин нишасти парлумон иштирок кард.
XS
SM
MD
LG